Ба гузориши Порс тудей Масъӯди Пизишкиён дар нишаст бо фарҳехтагону фаъолони фарҳангии устони Кирмоншоҳи Эрон бо ишора ба суханони ахири Доналд Трамп раиси ҷумҳӯр Амрико гуфт : « Дируз Трамп раиси ҷумҳӯри Амрико суҳбатҳое кард ки нишон медод миллати Эронро нашинохтааст . Онҳо аз ғайрат , исор , ҷавонмардӣ ва гузашти мардуми Эрон бехабаранд .
Раиси ҷумҳӯр идома дод : « Вақте касе мисли Трамп моро таҳдид мекунад ва мегӯяд Эрон омил ноамнӣ аст , бояд бипурсем чӣ касе дар як соли гузашта , 60 ҳазор зану кӯдакро дар Ғазза зери бомбаборон аз байни бурд ? Оё ин мо будем ки об , нону доруро бар мардуми Ғазза бастем ? Оё ин мо будем ки гуфтеми бомбҳоӣ дорем ки касе тасаввурашро ҳам наметавонад бикунад ? » Ба дунбол ҷанг нестем вале иззати ин кишварро муомила намекунем .
Вай афзуд : « Вақте шумо мӯшаку бомб ба кишварҳои минтақа мефиристед , чӣ касе дунболи ҷанг аст ? Ва баъд иддао мекунед сулҳ талабед ? Чиҳилу ҳафт сол бо тамоми қудрат талош карданд ки низоми Ҷумҳурии Исломиро аз пой дароваранд ва натавонистанд ва нахоҳанд тавонист . »
Пизишкиён бо баёни инки мо шерзаноне дорем ки метавонанд ба танҳоӣ дар баробар душманон бистанд , хитоб ба душманон гуфт : « Мо ба дунбол ҷанг нестем вале иззати ин кишварро муомила намекунем . Миллати Эрон , ҷавонон , шерзанону нухбагон дар баробари ҳеҷ қудрати сар хам нахоҳанд кард . Инро аз Имомамон ёди гирифтем . Ҳазрати Алӣ ( а ) мефармоянд : Ба ҷуз Худо ба касе умед набандед . »
Пизишкиён тасреҳ кард : « Чӣ онҳо бихоҳанд сулҳ кунанд , чӣ нахоҳанд , мо ин кишварро хоҳеми сохт . Мушкилоти барқ , обу газро ҳал хоҳем кард . Мо беш аз 70 то 80 ҳазор мегаватти барқи хуршедӣ , бодӣ ва дигар манобеи таҷдидпазирро дар ҳоли роҳандозӣ дорем . Ҳеҷ кас наметавонад ҷилави моро бигирад . » Дар ҷанг ҳам бо мушорикати мардум пирӯзи шудем .
Вай бо баёни инки бо кишварҳои минтақаи паймони бародарӣ бастаем ва ба хок касе тамаъ надорем , гуфт : Дунбол кишваргушоӣ нестем . Мехоҳем иззату сарбаландиро барои мардуми худамон биоварем . Ҳаминҳое, ки донишмандони моро террор карданд , иддао мекунанд террурист нестанд ! Донишмандон мо доштанд барои сарбаландии кишвар талош мекарданд .
Раиси ҷумҳӯр идома дод : « Мо дар ҷанг ҳам бо мушорикати мардум пирӯзи шудем . Амрико ва ҳамаи қудратҳо омада буданд Эронро нобӯд кунанд , аммо ҳамин миллат истоданд . Занону мардон ҳама омаданд то як ваҷаб аз хокро надиҳанд . » Шаҳодат барои ман ширинтар аз марги дар бистар аст Пизтшкиён таъкид кард : « Мо иззату сарбаландии ин миллатро бо ҳеҷ кас муомила намекунем . Ин реша дар зоти эронӣ дорад . Шаҳодат барои ман ширинтар аз марг дар бистараст . Мо наметарсем . Миллати Эрон агар муттаҳид шавад , кишварро месозад . Фарқӣ надорад чӣ қавм , нажод , забон ё мазҳабӣ ; ҳамаи эрониён бояд даст дар дасти ҳам диҳанд . » Он кас ки хоби таслими Эронро мебинад , сахт дар иштибоҳаст .
Вай бо ишора ба таҳдидҳои ахир гуфт : « Он кас ки хоби таслими Эронро мебинад , сахт дар иштибоҳаст . Ин кишвар ҳазорон сол собиқа дорад . Ҳеҷ кас наметавонад решаи ин миллатро биканад . Ҳатто агар бузургони моро шаҳид кунанд , садҳо нафар аз дили ин хок бархоҳанд хост . » Шумо ДИИШ-ро аз минтақа берун кардед ё Эрону шаҳиди сулаймонӣ ?
Раиси ҷумҳӯр тасреҳ кард : Шумо 47 сол талош кардед ки ин низому миллатро ба зону дар биоваред аммо натавонистед , баъд моро таҳдид мекунед ? Трамп мегуяд Амрико ДИИШ-ро аз минтақа берун кард . Шумо ДИИШ-ро аз минтақа берун кардед ё Эрону шаҳид Қосими Сулаймонӣ ? Ва дар иваз шумо ӯро ба шаҳодат расонадед ва ҳануз ҳам аз ДИИШ ҳимоят мекунед .
Вай изҳор дошт : « Мо барои иҷрои адолат , инсоният , озодагӣ , ахлоқу шарофат талош мекунем . Дар ин кураи хокӣ , ҳама бояд бо сулҳу адолат зиндагӣ кунанд . Исроиласт ки таҷовуз карда ва онҳо ки аз он ҳимоят мекунанд , муддаӣ сулҳанд ! оё Ваҷдоне доранд ки шабҳо битавонанд роҳат бихобанд , вақте инсонҳоро бо бомбҳои сангин мекушанд ва баъд дам аз сулҳ ва инсоният мезананд ? » Пизишкиёни афзӯд : « Исроил сарзамини Фаластинро ишғол кард аммо Амрико касонеро ки бо ин ишғолгарӣ муқобила мекунанд , омили ноамнӣ дар минтақа муаррифӣ мекунад ; Ба ҳоли чунин инсониятӣ бояд гирист . »
Your Comment